Варзишкорони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Қазоқистон соҳиби ду медал гаштанд

Рӯзҳои 3-4 ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми Осиё доир ба дзюдо баргузор гардида, намояндагони Тоҷикистон сазовори ду медал шуданд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло шуд.

Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Вай дар финал намояндаи дигари ин кишварро Жассулан Муҳаметханов шикаст дод.

Медали нуқраи Боқиев дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо

Гуфта мешавад, паҳлавони дигари кишвар Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг медали нуқраро ба даст овард.

Хайёмиддин дар даври чорякфинал бар варзишгари мизбон Еркебулан Аманкос пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар намояндаи дигари кишвари мизбон Нурлан Аразалин пирӯз шуд, аммо дар финал аз варзишгари Юнон Ҷорҷиос Азоидис шикаст хурд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз Тоҷикистон ҳамчунин Иброҳим Саидакбаров низ дар вазни -73кг иштирок карда, аммо дар рақобати аввал аз Бауржан Сагингалиулуи қазоқистонӣ мағлуб шуд.

Қайд мешавад, ки дар мусобиқа 76 варзишгар (56 мард, 20 зан) аз 7 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо як медали тилло ва як нуқра баъд аз Қазоқистон ва Юнон ҷои сеюмро ишғол намуд.