ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Конфедерасиюни бонувони соҳибкори Туркия дар Душанбе имконоти сармоягузорӣ дар тарҳҳои Тоҷикистонро баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон .
Зимни мулоқот Шариф Саид, раиси Палатаи савдои Тоҷикистон бо Незакет Эмине Атаса, мудири кулли конфедерасиюни бонувони соҳибкор ва намояндагони бахши бозаргонии Туркия (SANKON) таъкид намуд, ки соҳибкорони ин кишвар метавонанд дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Шариф Саид қайд намудааст, ки тарафҳо бояд гардиши молу маҳсулотро боло баранд ва ҳамкории дуҷонибаро тақвият диҳанд.
Вай гуфт, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон омода аст, барои тавсеъа ва тақвияти равобити ду кишвар кумак расонад.
Дар ҳамин ҳол Незакет таъкид кардааст, ки Туркия ба густариши ҳамкориҳои судманди мутақобилан судманд бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи иқтисод алоқаманд мебошад.
Дар поёни ин мулоқот миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва конфедератсияи бонувони соҳибкор ва намояндагони бахши бозаргонии Туркия (SANKON) ёддошти тафоҳҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.