ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Шералӣ Гулро ба як соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми суд 2 ноябр содир гардид, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хабар додааст, ки Диловар Гулов мутобиқи моддаи 237, қ. 3, б. “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Авбоши) гунаҳкор дониста шуда, ба 1 соли зиндон маҳкум шуда, муҳлати ҷазоро ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адо хоҳад кард.
Диловар Гулов худро дар даст доштан ба лату кӯби Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола, корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон қисман гунаҳкор эътироф намуд.
Ёдрас мешавем, ки пештар иттилоъ дода шуд, ки додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Диловар Гулов бо итиҳоми авбошӣ бо силоҳ ё ашёе, ки ба сифати силоҳ истифода шудааст, айб эълон кардааст.
Тавре расонаҳои Тоҷикистон аз қавли додситонии Душанбе иттилоъ доданд, парванда бар асоси моддаи 237 оғоз гардида ва дар доираи ин қазия 4 шарики дигари Гулов, аз ҷумла ду варзишкор ба ҳабс гирифта шудаанд.
Боздошти писари собиқ вазири энергетика ва саноат, шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Писари Шералӣ Гул бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.