ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дмитрий Медведев дар сафҳаи фейсбукияш Рӯзи ягонагии мардумро барои русиягиҳо, ки ҳамасола 4 ноябр таҷлил мегардад, шодбош гуфтааст.
Рӯзи ягонагии мардум дар Русия соли 2005 ҳамчун иди расмӣ қабул гардид. Ин сана барои гиромидошти ҳаводиси соли 1612, замоне, ки мардум таҳти роҳбарии Кузма Минин ва княз Дмитрий Пожарский Маскавро аз истилогарони поландӣ озод карданд.
Ин рӯзро дар Русия бо барномаҳои фарҳангӣ – маърифатӣ ва ҳамоишу роҳпаймоиҳо таҷлил мекунанд. Бар асоси назарпурсӣ, ки РИА Новости миёни ходимони сиёсию ҷамъиятӣ гузарондааст, аксаран Рӯзи ягонагии мардумро аз муҳимтарин санаҳо дар таърихи Русия хонда, таъкид намудаанд, ки феълан ягонагии мардум беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад.
Мусоҳибон изҳор доштаанд, ки барои оммавӣ кардани Рӯзи ягонагии мардум дар Русия бояд чораҳои бештар андешида шаванд.