Сол гузашт: Хоҷазода, Устопириён ва 8 паҳлавони дигар боз ба чемпионат мераванд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар, аз ҷумла қаҳрамони ҷаҳон Беҳруз Хоҷазода, дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон, ки аз 9 то 11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон барои 27 маҷмӯи медалҳо қувваозмоӣ мекунанд.  Федератсияи байналмилалии самбо дар баробари медал барои ҷои 1 – 3000 доллар, ҷои 2 – 2000 доллар ва ҷои 3 – 1500 доллар ҷоизапулӣ муқаррар кардааст.

Манбаъ афзуд, ки аз Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи самбои варзишӣ  Ҷомии Ҳасан – 52 кило, Акмалиддин Каримов – 57 кг,  Хушқадам Хусравов – 62 кг, Мустафо Ҳасанов – 68 кг, Беҳрӯз Хоҷазода - 74 кг,  Зафар Олимшоев – 82 кг, Комроншоҳ Устопириён – 90 кг, Муҳаммадризо Қурбонзода – 100 кг ва дар самбои размӣ Сорбон Латифоҷ – 62 кг, Умед Муҳиддинов – 68 кило сабқат хоҳанд кард.

Соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Сочӣ, Беҳрӯз Хоҷазода ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буд. Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашев сазовори медали нуқра, Зафар Олимшоев ва Сорбон Латифов сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.