Се сол бе сафир: Масуд Халифазода дар Бритониё ба Нейл Ҳолланд нусхаи эътимоднома супурд

Масуд Халифазода, сафири нави Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ ба Нейл Ҳолланд, директори ташрифот ва ноиби маршали корпуси дипломатии Вазорати умури хориҷии Бритониё нусхаи эътимоднома супурд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани нусхаи эътимоднома 2 ноябр сурат гирифт.

Барканории Маликшо Неъматов ва таъини сафирони нави Тоҷикистон

Халифазода моҳи сентябри соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафир дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ таъин гардид.

Қосимов Эркин Садриддинович, ки аз соли 2008 сафир дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ буд, ҳанӯз моҳи январи соли 2016  бо сабаби баромадан ба нафақа аз мақомаш барканор шуда буд. Сафири нав баъди қариб се сол таъин гардид. Тайи ин муддат кордори сафорат фаъолият мекард. 

Масуд Халифазода сафири нави Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи шимолӣ қаблан дар Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фаъолият кардааст.