ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Лукашенко дар арафаи сафари корияш ба вилояти Витебск гуфт ки ҳамеша пойафзоли сохти як коргоҳи ватаниро мепӯшад ва роҳбарони дигар давлатҳо низ ба он таваҷҷуҳ кардаанд.
“Аз як корхонае боздид мекунам, ки ҳамеша пойафзоли сохти онро мепӯшам, аз ҷумла ҳангоми мулоқот бо роҳбарони давлатҳо. Боре Нурсултон Назарбоев пурсид, ки чунин пойафзолҳоро аз куҷо мегирам. Гуфтам, аз Белорус”, - изҳор дошт Лукашенко.
Ба гуфтаи президенти Белорус, Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон нахуст бовар накард ва ӯ пойафзолашро кашида, тамғаи белорусӣ будани онро нишон додааст.
Лукашенко таъкид кардааст, ки барои ӯ пойафзоли итолиёвӣ ва фаронсавӣ лозим нест, ӯ истеҳсоли ватаниро интихоб мекунад.