Пешниҳод ба Ҳукумат: 2019 соли чӣ эълон шавад?

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ба Ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки 2019 – соли бехатарии озуқа ва тарзи ҳаёти солим эълон карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ин нуктаро баён дошта, таъкид намудааст, ки амнияти озуқа аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад.

Ширу гӯшт нест, мева хӯред: тартиботи нави ғизохӯрӣ дар Тоҷикистон

“Мутаассифона,  дар Тоҷикистон  он ғизое, ки  мо истеъмол мекунем, сифатан мувофиқ нест, аз ин хотир    38 фоизи  занҳо бо вазни зиёд, 11 фоиз  занҳои лоғар,  18 фоиз кӯдакони қадпаст ва 10 фоиз кӯдакони камвазн  ба қайд гирифта шудаанд.  Барои ҳалли ин мушкилӣ мо имрӯз тадбирҳои зиёд андешида истодаем”, - иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” аз қавли Раҳматуллоев.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳукумат меъёрҳои физиологии истеъмоли ғизоро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он, як нафар дар давоми як шабонарӯз бояд 404 грамм нон ва маҳсулоти нонӣ, 111 грамм гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм моҳиву маҳсулоти он, 316 грамм ширу маҳсулоти ширӣ, инчунин ними тухми мурғ истеъмол намояд.

Пешниҳодҳо дар мавриди соли 2019 дар ҳоле ироа мешаванд, ки дар Тоҷикистон ба соҳае бахшида шудани солҳои алоҳида ба ҳукми анъана даромадааст. Феълан дар кишвар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома дорад.