ДУШАНБЕ, 03 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе бо тасвиби як қарор барои ишғоли мансбаҳои холии маъмурӣ дар шаҳрдории Душанбе озмун эълон кардааст.
Тавре дар қарори раиси шаҳр гуфта мешавад, ба дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳр мутахассисон талаб карда мешаванд.
"Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи замима озмун эълон карда шавад", - гуфта мешавад дар санад.
Ҳамин тавр, хоҳишмандон метавонанд барои ишғоли мансабҳои мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳр, мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳ, сармутахассиси Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳ, Сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ, Мутахассиси пешбари бахши муҳосиботи дастгоҳ, Сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳӣ ва ғайраҳо дар озмун иштирок кунанд.
Довталабон бояд соҳиби маълумоти олӣ, таҷрибаи корӣ ва донандаи хуби забони давлатӣ бошанд.
Маълумоти бештарро аз вебгоҳи шаҳрдории Душанбе гирифта метавонед.