Ё ҳарду: Ҳабиб мехоҳад барои адолат бо Майвезер муштзанӣ ҳам кунад

Ҳабиб Нурмуҳаммедов умедвор аст, ки бо варзишкори амрикоӣ Флойд Майвезер ду маротиба ба майдон мебарояд: дар яке мувофиқи қавонини муштзанӣ муҳориба мекунад ва дар ахирон мувофиқи тартиботи муҳорибаҳои омехта қувваозмоӣ мекунанд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов эълом кардааст, ки умед дорад бо Флойд Майвезери ду муҳориба барпо мекунад.

Дар ҳамин ҳол, варзишкор нақша доштааст, ки як муҳориба дар чаҳорчубаи қоидаҳои муштзанӣ баргузор шуда, дигареро дар шакли муҳорибаҳои омехта гузаронанд.

“Мо агар бо Флойд шартномаи дутарафа ба имзо расонем, мухлисонамон хело шод хоҳанд шуд. Муҳорибаи якум дар майдони бокс ва дуюм дар майдони UFC баргузор мешавад. Ман мехоҳам як маротиба маҳорати худро дар бокс санҷам. Гузаронидани муҳориба дар ду навъи мухталиф - бокс ва UFC аз рӯи адолат мешавад”, - гуфтааст Ҳабиб.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб дар миёнаҳои моҳи октябр Флойдро ба муҳориба даъват карда буд. Дар посух Флойд аз шабакаҳои телевизионӣ даъват карда буд, ки барои харидани пахши мустақими ин муҳориба маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

Баъдтар падари Ҳабиб дар мусоҳиба ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки ин муҳориба бояд дар Русия баргузор гардад.

Аммо баъди чанде президенти UFC Дэйна Вайт изҳор дошт, ки хабари баргузоршавии муҳорибаи Ҳабиб ва Майвезер ҳангомае беш нест ва Флойд дар ин бора ба UFC  чизе нагуфтааст.

Бояд қайд кард, ки ҳарду варзишкор боре ҳам мағлуб нашудаанд – Флойд дар 50 муҳориба 50 пирӯзӣ ва Ҳабиб дар 27 муҳориба 27 пирӯзӣ дорад.