ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ахиран як анбореро дар Исфара ошкор кардаанд, ки дар он меваҳои хушк аз навоҳии Суғд ҷамъоварӣ гардида, сипас тариқи қочоқ ба Қирғизистон ва аз он ҷо баъди ҳуҷҷатгузорӣ ба Русия интиқол дода мешудаанд.
Тибқи гузориши ВУД, фаъолияти ғайриқонунии Холиқ Ҷалилов, сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, ошкор карда шуд, ки дар анбори ташкилкардааш ба ҷамъоварӣ ва бандубасти меваи Тоҷикистон машғул будааст. Ҷалилов ҳангоми бандубасти 90 тонна хушкмева бо арзиши 600 ҳазор сомонӣ боздошт гардидааст.
Ӯ қасд доштааст, маҳсулотро ба Қирғизистон ва баъдан ҳамчун моли ин кишвар ба Русия содир намояд.
Ин таҷриба ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудани Тоҷикистон ва зиёд будани расмиёти марбут ба содирот солҳои охир зиёд истифода мешавад. Тибқи иттилои мақомот, маҳсулоти Тоҷикистон тариқи қочоқ ба Қирғизистон интиқол меёбанд ва аллакай ҳамчун моли ин кишвар ба Русия содир мегарданд.
Ин раванд боис шудааст, ки солҳои охир омори содироти хушкмева ба Русия аз Тоҷикистон каму аз Қирғизистон зиёд гардидааст.
Холиқ Ҷалилов мегӯяд, бо ҳамин роҳ маҳсулоташро ба Русия содир мекард ва харидори зиёд ҳам дошт, чун нархҳои ӯ ҳудуди 4-5 рубл нисбат ба арзиши бозор поинтар буданд.
Ин раванд дар ҳоле густурда шудааст, ки буҷаи Тоҷикистон аз он ки маҳсулот аз номи кишварҳои дигар ҳуҷҷатгузорию содир мешаванд, даромади ҳангуфтро ба ҳайси пардохтҳои давлатӣ аз даст медиҳад.
Дар ҳамин ҳол Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия низ аз вуҷуди расмиёти барзиёд дар роҳи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия суҳбат карда, аз таъхири ташкили “долонҳои сабз” интиқод намуд. Ӯ гуфт, сарфи назар аз дастуроти сатҳи олӣ ташкили долонҳо барои интиқоли бемонеаи маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия ҳанӯз ҳам амалӣ нашудааст.
“Имрӯзҳо маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия тариқи дигар кишвар ҳамчун моли онҳо ворид мегардад. Баъзан дар ин кишварҳои миёнарав он маҳсулот умуман намерӯяд”, - таъкид кард Имомуддин Сатторов ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар Маскав.
Ба гуфтаи сафир, ҳамчун маҳсулоти кишварҳои сеюм ворид шудани моли Тоҷикистон ба Русия ба нишондоди тавозуни савдо миёни Тоҷикистону Русия таъсири манфӣ дорад.
“Барои ворид намудани молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия бояд ҳамаи маҳдудиятҳо бардошта шаванд”, - таъкид намуд Сатторов.
Инчунин сафир илова кард, ки Русия бояд сертификатҳои Тоҷикистонро эътироф намояд.