Ташналабони лаби оби Хоруғ: аз супориши Президент то ваъдаи Швейтсария ва Бунёди Оқохон

Сокинони Хоруғ, шаҳре дар ду соҳили дарёи Ғунд, маркази маъмурии ВМКБ – саргаҳи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аксаран дар як шабонарӯз ҳамагӣ як соат об доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ёдгор Файзов, раиси навтаъини ВМКБ, таъминоти Хоруғ  бо обро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, изҳор дошт, ки ин масъаларо бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар миён гузошт.

Ҳукумат ба бекорони ВМКБ кор дар Суғду Хатлон ва Русия пешниҳод кард

Файзов зимни як ҷаласа изҳор дошт, ки дар рӯзҳои аввали таъинаш ба мақоми раиси ВМКБ ба раисиҷумҳур аз мушкилоти вилоят суҳбат карда, аз ҷумла иттилоъ додааст, ки сокинони Хоруғ дар як шабонарӯз ҳамагӣ як соат об доранд.

Ба иттилои Ёдгоров, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамон лаҳза ба муовини сарвазир занг зада, супориш дод, ки барои ҳалли ин мушкил мусоидат кунанд.

Дар баробари ин тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, дар ду мулоқоти рӯзҳои охири Ёдгоров бо шарикони рушд масъалаи таъмини мардум бо оби ошомиданӣ аз мавзӯъҳои меҳварӣ будааст.

Манбаъ мегӯяд, Ёдгоров 30 октябр бо сафири Швейтсария дар Тоҷикистон ва Қазоқистон, Урс Шмид ва мудири дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон, Бурги Роос густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.

Шарҳи ҳукумати ВМКБ дар бораи галстукбандӣ ва супориши Ёдгор Файзов

“Урс Шмид изҳор дошт, ки мо имсол 20 – солагии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Швейтсарияро қайд мекунем. Имсол низ мехоҳем  дар масъалаи нарсидани оби ошомиданӣ, ҳифз аз офатҳои табиӣ, сангчарх ва тармафароӣ кумак расонем. Инчунин дар ҳифзи муҳити зист ва маориф дастгирӣ хоҳем кард”, - омадааст дар иттилоияе, ки аз натиҷаи ин мулоқот нашр гардидааст.

Ёдгор Файзов инчунин дар мулоқот бо мудири Бунёди Оқохон дар масоили муҳити зист, Ҳадӣ Ҳусейнӣ аз норасоии оби нӯшокӣ суҳбат карда, гуфт, “мо роҳҳои зиёдеро ҷустуҷӯ дорем, то ки ин масъаларо, ки мардум ба он ниёзи аввалиндараҷа доранд, ҳал кунем".

"Мо омода ҳастем, ки дар таъмин намудани оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ кӯмак намоем", - изҳор доштааст Ҳодӣ Ҳусейнӣ.