ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Рӯзи 29 октябр дар Хуҷанд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа, ки бо ҳузури муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳо сурат гирифт, ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
"Раиси вилоят дар оғози ҷаласа бо ёдоварӣ аз сафари кории раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар назди масъулин барои иҷрои саривақтии супоришҳои зимни сафар баёнгардида дастурҳо дод", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни таърихӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 6 000 иншооти гуногун бунёд карда мешавад ва имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида идома дорад.
Назорати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба зиммаи муовинони Раиси вилоят вогузор шуда, дар рафти ҷаласа дар назди шахсони масъул – муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода, муовинони Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, Анвар Яъқубӣ ва Ориф Хоҷазода ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ то соли 2021 вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Раиси вилоят ҳамзамон барои дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа, ба анҷом расонидани омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон, ҷамъоварии пахта, самаранок истифода намудани гармхонаҳо, захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо, бунёди боғҳои интенсивӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, ташкили “Гӯшаи деҳқон” дар маркази вилоятро ба манфиати кор арзёбӣ кард.