Володин: хатари террористӣ дар ҷануби Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Вячеслав Володин, раиси Парлумони Русия афзудааст, ки дар қаламрави Афғонистон, ки ба ҷануби Тоҷикистон ҳаммарз аст, хатари террористӣ зиёд шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия аз афзоиши хатари террористӣ дар назди марзҳои кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла аз тарафи гурӯҳҳои террористии “ДОИШ” (мамнӯъ дар Русия) изҳори нигаронӣ кардааст.  

Вячеслав Володин нигарониҳои худро зимни нишасти Маҷмаъи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки дар Маскав баргузор шудааст, баён намудааст.  

Мулоқоти “Толибон” бо ҳукуматдорони Афғонистон дар Саудӣ

Раиси Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои парлумонӣ дар соҳаи таъмини амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимат бо хатарҳои муосир баррасӣ мешавад.

Вай таъкид намуд, ки баррасии масъалаҳо мазкур  вобаста ба вазъи имрӯза дар назди марзҳои кишварҳои узви СПАД муҳим мебошад.

“Пеш аз ҳама сухан дар бораи Сурия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ меравад”, - гуфт Володин.

Вай афзуд, ки ҳоло дар Афғонистон ба хотири фаъол шудани гурӯҳи ДОИШ ва дигар ташкилотҳои террористӣ, хатар зиёд шудааст. Зиёдшавии хатарҳо ба хусус дар наздикии ҷануби марзи Тоҷикистон ба назар мерасад.

Русия: бар зидди аъзоёни гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон бояд таҳримҳо ҷорӣ карда шавад

Пештар Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилаи Русия гуфта буд, ки вазъи ноором дар наздикии марзи Русия ва Тоҷикистон аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар зиракиро талаб менамояд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсуд, ки моҳи июн баргузор шуда буд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки вазъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ташвишовар аст ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки дар якҷоягӣ барои ҳалли мушкилоти минтақа чораҳои зарурӣ андешанд.