ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+6, рӯзона +14+19 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9 ва рӯзона +4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м барф дар назар буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат шабона ба 5+10 ва рӯзона ба +12+17 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат шабона +7+9 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.