Бонки миллӣ харитаи электронии ҷойгиршавии бонкҳоро таҳия намудааст

Бонки миллии Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш харитаи электронии мавқеи ҷойгиршавии бонкҳо, филиалҳои ва марказҳои хизматрасонии низоми бонкиро таҳия намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik.  Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии саривақтӣ ба хизматрасониҳои низоми молиявӣ Мавқеи ҷойгиршавии филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии низоми бонкӣ дар харитаи Тоҷикистон дар шакли электронӣ таҳия намудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки милии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, харитаи мазкур дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҷойгир карда шудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки тамоми истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ метавонанд, мавқеи ҷойгиршавии филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкие, ки ба маҳалли зист ва ё ҷойгиршавии онҳо наздик аст, аз рӯи ин харитаи электронӣ тариқи онлайн дарёфт намуда, аз маълумоти он бархӯрдор шаванд.