Яке кушта, дигаре дар ҳабс ва сеюмӣ фирорӣ: тирпаронии тоҷикистониҳо дар Туркия (ВИДЕО)

Матбуоти Туркия ҷузъиёти занозанӣ ва тирпаронии се нафарро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд, шарҳ доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Туркия, ҳодиса 26 октябр тақрибан соати 14:30 дар кӯчаи Месиҳпошо дар Оқсарои Истанбул рух додааст.

“Нахуст се нафар миёни ҳам баҳс мекунанд, ки бо занозанӣ ва тирпаронӣ меанҷомад. Зимни муноқиша яке аз ҷавонон таппонча гирифта, ба қафаси синаи дигаре тир холӣ мекунад”, - омадааст дар хабари расонаҳои Туркия.

Пулиси ин кишвар аз кушташуда Фаррух Облоқулов ном бурда, изҳор доштаанд, ки ҳамаи иштирокдорони ин қазия шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Матбуоти Туркия афзудааст, ки Облоқулов дар беморхонаи Ҳасекӣ ҷон дода, дигаре боздошт ва нафаре, ки тир холӣ кардааст дар фирор мебошад. Ҳодиса дар навори дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст ва мақомоти Туркия муттаҳамро бозҷӯӣ доранд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.