Созиши Тоҷикистону Туркманистон дар бораи идомаи сохтмони роҳи оҳан

Зимни мулоқот намояндагони Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе сохтмони роҳи оҳанро дар доираи лоиҳаи Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон (ТАТ) зарур шумурданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи сохтмони роҳи оҳан тариқи Афғонистонро дар доираи лоиҳаи ТАТ ба товофуқ расиданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Масъалаи идомаи сохтмони роҳи оҳан дар ҷаласаи навбатии коммиссияи  байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон доир ба савдо, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илимию техникӣ, ки 26 октябр дар шаҳори Душанбе баргузор шуда буд, баррасӣ шуд. 

БОР сармоягузории роҳи оҳани ТАТ-ро муваққатан қатъ кард

Зимни мулоқот тарафҳо аз зарурати фаъолтар гардонидани корҳо дар доираи лоиҳаи ТАТ таъкид намуданд. Тарафҳо хостори ҳарчи зудтар ба истифода супурдани роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон шуданд.

Ёддошти тафоҳум дар бораи татбиқи лоиҳаи ТАТ баҳори соли 2013 аз ҷониби руасоиҷумҳури Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон ба имзо расида буд.

Ёдовар мешавем, ки авохири соли 2016 як қисми роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Товҷикистон ба истифода дода шуд.

Сохтмони ин роҳи оҳан соли 2013 сар шуда, роҳ аз 400 км иборат аст ва Туркманистон, Афғонистону Тоҷикистонро бо ҳам пайваст мекунад.