Нохушии маргбор: 2 савори 1 дучарха зери мошин мондаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз нохушии маргбор дар ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД,  субҳи 27-уми октябри соли 2018, тахминан соати 05:20, ронандаи “Опел-Астра”, Ҳамроев Файзулло, сокини 62-солаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 савори як дучархаро зер кардааст.

“Ронандаи “Опел”, ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Чимтеппа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, шаҳрвандон -  Усмонов Холмаҳмад Хурсандович, соли таваллудаш 1996 ва Ғозиев Ёқубҷон Маҳмадназарович, соли таваллудаш 2000, сокинони ноҳияи Восеъро, ки дар як дучарха ҳаракат мекарданд, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, шаҳрванд Усмонов Холмаҳмад ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.