Ҳушдори КҲФ ва тавсияи табибон: чанги ҳамсояҳо Тоҷикистонро ғуборолуд кардааст

Ҷамила Байдуллоева, раиси Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, чангу ғуборе, ки ҷумҳуриро фаро гирифт, аз минтақаи шимоли Афғонистон ва Туркманистону Узбакистон ворид шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Байдуллоева тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ додааст, ки  сабаби  чангу ғуборолуд шудани ҳаво - ин набудани боришоти тӯлонӣ дар минтақаи шимолии Афғонистон ва  бархе давлатҳои ҳамсоя мебошад.

Паёмакҳо сокинони Тоҷикистонро аз вазъи обу ҳавои номусоид хабардор мекунанд

“Ин ҳолат сабаби шиддат гирифтани шамол ва ҳаракат кардани чангу ғубор аз ин минтақаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Чунин вазъи боду ҳаво  то охири рӯз  боқӣ мемонад. Эҳтимол  аст, ки пагоҳ бинобар дар минтақаҳои  кӯҳӣ боридани борон  чангу ғубор  қатъ ё  суст гардад”, - изҳор доштааст Байдуллоева.

Дар пайи чангу ғубор Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон   муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ҳангоми кор дар саҳро эҳтиёткор бошанду, аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор  дар доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Инчунин  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба эҳтиёткорӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ  даъват кардааст, чунки сангрезӣ дар назар аст.

Мақомоти тандурустии Душанбе чунин боду ҳаворо махсусан барои нафароне, ки   бемории бодигармӣ – “аллергия”, диққи нафас ва диққи нафаси қалбӣ доранд, ранҷзо хондааст. Аз мубталоёни ин бемориҳо даъват шудааст, ки  аз ниқоб истифода баранд ва ҳадди имкон аз хона набароянд.