Баррасии тарғиби фарҳанги миллӣ ва рушди сайёҳӣ дар Душанбе

Дар Душанбе барои тарғиби фарҳанги миллӣ ва рушди сайёҳӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ “Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо” баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 31 октябри соли равон соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанг конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо” баргузор мегардад.

Маскав ба конфронс оид ба масоили Афғонистон Амрикоро низ даъват кард

Бино бар иттилои манбаъ, дар конфронс роҳбарият ва намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии кишвар, Осорхонаи миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин донишгоҳҳои олӣ ва осорхонаҳо иштирок хоҳанд кард. 

Дар конфроси мазкур масъалаҳои гуногуни вобаста ба мавзӯъ, яз ҷумла “Ҳунарҳои мардумӣ ва тарғибгари фарҳанги миллӣ”, “Ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ”, “Катибадӯзии тоҷикон”, “Наққошии миллии тоҷикӣ ва раванди инкишофи он” баррасӣ мегарданд.