Ҳукми генерал – майори воломақоми тоҷик барои пора, пулшӯйӣ ва нашъаҷаллобӣ

Генерал – майор Файзулло Гадоев, сардори пешини яке аз раёсатҳои калидии ВКД дар нашъаҷаллобӣ, порагирӣ, сӯиистифода аз мансаб ва пулшӯӣ ба миқдори махсусан калон гунаҳкор дониста шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон генерал – майор Файзулло Гадоев, сардори пешини раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВКД – ро ба 28 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Ишораи Президент ба ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Бадахшон барои ҳифзи Тоҷикистон аз хатарҳои хориҷӣ

Тибқи ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ки 15 октябри соли 2018 содир гардид, генерал – майор Гадоев Файзулло Нуриллоевич дар порагирӣ, нашъаҷаллобӣ, пулшӯӣ ба миқдори махсусан калон  ва сӯистифода аз мақоми давлатӣ гунаҳкор дониста шуд.

Файзулло Гадоеви 59-сола, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ буда, мукофотҳои давлатии Тоҷикистону кишварҳои ИДМ-ро гирифта буд.

Ӯ 4 феврали соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар манобеи марбут ба тарҷумаи ҳоли Гадоев, макони таваллудаш вилояти Сурхондарё зикр шуда, ӯ аз миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта ба ҳайси нозир дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистони шӯравӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Гадоев соли 1995 ба Раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВКД гузашта, аз соли 2002 ин раёсатро роҳбарӣ мекард.

Суҳбати Шерхон Салимзода: эълони номи саркардаҳои нашъаҷаллобон ва амалиёти бонкии онҳо

Файзулло Гадоев, соли 2007 аз мақоми сардори раёсати мазкур барканор шуда буд ва тавре расонаҳо он замон иттилоъ доданд, далели барканорияш гузаштан ба кори дигар буд. Ӯ солҳои охир инчунин дар матбуот ба ҳайси коршинос назарҳо медод.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 27 октябри соли равон иттилоъ дод, ки бо қарори додгоҳ, бар асоси моддаи 51-и Кодекси ҷиноӣ, Гадоев Файзулло аз рутбаи “Генерал-майори милитсия” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳрум карда шуд.

Гуфта мешавад, ки бо дастури Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, бар асоси фармоиши ВКД, ҳамаи медалу нишонҳои сарисинагии Гадоев, ки пеш ба ӯ тақдим гардида буданд, бекор карда шуданд.

Додгоҳ 28 соли зиндон ва мусодираи амволро барои Гадоев бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ муқаррар кардааст.

Боздошти 4 корманди мақомот бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ

Аз ҷумла Файзулло Гадоев тибқи моддаи 200, қисми 4, бандҳои “в,д” барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон бо истифода аз мақоми хидматӣ гунаҳкор дониста шудааст.

Гуноҳи дигари собиқ сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВКД, бар асоси моддаи 262 қисми 3 банди “б”, “пулшӯӣ”, ё худ қонунӣ гардондани маблағҳо ба миқдори махсусан калон мебошад, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд.

Қисмати дигари ҷазо барои Гадоев тибқи моддаи 314-и Кодекси ҷиноӣ қисми 3 - сӯиистифода аз мансаб, ки боиси оқибатҳои вазнин шудааст, моддаи 316 қисми 3 банди “в” - баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо расондани оқибатҳои вазнин ва моддаи 319 қисми 4 бандҳои “в,г” -  гирифтани пора бо тамаъҷӯӣ ва ба миқдори махсусан калон мебошад.