Боз тими пурқуввати Корея: Мубин Эргашев қабл аз сабқат чӣ гуфт?

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар арафаи сабқат бо тими Кореяи ҷанубӣ гуфт, бояд то охир мубориза барему роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон – 2019 ба даст орем
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 29 октябр дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё – 2018 дар Индонезия бо ғолиби гуруҳи “С” – дастаи Кореяи Ҷанубӣ ба майдон мебарояд.

Футболбози маҷруҳшудаи тоҷик: ин шашка нест, ки беҷароҳат бишинем (ВИДЕО)

Эргашев дар арафаи ин қувваозмоӣ гуфт, ин бозӣ оддӣ нахоҳад буд, вале тимаш тамоми нерӯро равона мекунад, то ба даври баъдӣ барояд.

“Бори дуюм дар таърихи футболи Тоҷикистон аст, ки мунтахаби ҷавонони кишвар аз гуруҳ ба даврҳои ниҳоӣ баромадааст. Акнун бояд талош кунем, ки ба даври дигар бароем, чун дар миён роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 мебошад. Рақиби мо Кореяи Ҷанубӣ, яке аз пурқувваттарин тимҳои Осиё мебошад, бале осон нахоҳад буд, аммо ин футбол аст”, - изҳор дошт сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, шогирдонаш ба хубӣ дарк мекунанд, ки бояд ба майдон бароянду то охирин лаҳза бо тамоми нерӯ мубориза баранд.

“Бачаҳо барои тим, барои бозигароне, ки маҷруҳ шуданд, барои кишвар, барои мухлисоне, ки онҳоро дастгирӣ мекунанд, бояд то охир мубориза баранд”, - таъкид намуд Эргашев.

Кадом мактаби варзишии Душанбе футболбози ояндадор тарбия мекунад

Аз гуруҳи “D” Арабистони Саудӣ бо 9 хол аз ҷои аввал ва Тоҷикистон бо 4 хол аз ҷои дуюм ба даври чорякниҳоӣ баромаданд.

Дар ин давр Арабистони Саудӣ бо тими Австралия вомехӯрад.

Чор дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 ба Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни ҷавонони то 20-сола, ки дар Лаҳистон ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.

Дар даври чорякфиналии Ҷоми Осиё – 2018 миёни ҷавонони то 19-сола рӯзи якшанбе 28 октябр, соати 15:00 тимҳои Қатар – Тайланд, соати 18:30 дастаҳои Ҷопон – Индонезия қувваозмоӣ мекунанд.

Рӯзи 29 октябр соати 15:00 сабқати  Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон ва соати 18:30 қувваозмоии Арабистони Саудӣ – Австралия  дар назар аст.

Сабқати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар ҳолест, ки ахиран мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё, Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолиро шикаст дода, соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё шуданд.