Тими Тоҷикистон бе зани ҷудокор ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт

Тими мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо аз силсилаи “Grand Slam” ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар “Abu Dhabi Grand Slam 2018” аз 27 то 29 октябр 372 варзишгар, аз ҷумла 230 мард ва  142 зан,  аз 64 кишвари дунё қувваозмоӣ мекунанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ягон зани ҷудокор намояндагӣ намекунад.

Беҳтарин милисаҳои волейболбози Тоҷикистон маълум шуданд

Тоҷикистонро дар Амороти Муттаҳидаи Араб 6 варзишгар - Мирзоҷамил Рамазонов -73кг, Раҳматуллобек Фарҳодов -73кг, Ҷаҳонгир Маҷидов -81кг, Комроншоҳ Устопириён -90кг, Саидҷалол Саидов -100кг, Хуршед Маҷидов  дар вазни зиёда аз 100кг ва сармураббии дастаи мунтахаби ҷудокорон - Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ мекунанд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси низомномаи мусобиқа варзишгарон барои медали тилло 5000 доллари ИМА, барои медали нуқра 3000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 1500-долларӣ ҷоиза мегиранд. Инчунин варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд.