ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Фардо, 26 октябр вакилони Маҷлиси Русия лоиҳаи қонуниеро баррасӣ мекунанд, ки дар он роҳҳои осони гирифтани шаҳрвандии Русия пешниҳод мешавад.
Мувофиқи ин тарҳи қонун, ба раисҷумҳури Русия ҳуқуқи муайян кардани гуруҳи шаҳрвандоне дода мешавад, ки метавонанд ба осонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.
Тавре муовини раиси Маҷлиси Русия Александр Жуков гуфтааст, лоиҳа махсус барои иҷрои паёми Путин аз ҷониби Ҳукумати Русия тайёр карда шудааст.
Ин қонунгузорӣ метавонад ба ашхоси аъзои барномаи давлатии муҳоҷирати ҳамватанон ба Русия имконияти бештари ба осони гирифтани шаҳрвандиро кафолат диҳад.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар бораи зарурати ин тағйиротҳо Путин дар рафти "Пахши мустақим" 7 июн таъкид карда буд. Раисҷумҳур дар посух ба суол дар бораи шаҳрвандии Русия гуфт, ки кишвар бояд ин равандро сода кунад.
Инчунин чанде пеш, вакили Маҷлиси Русия Константин Затулин пешниҳод карда буд, ки дар Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон шавад.
Ба гуфтаи Затулин, бо ин роҳ Руссия даҳҳо миллион ҳаммеҳанонашро ба ватан бармегардонад.
Вай пешниҳод карда буд, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ тавонанд бе маҳрум шудан аз шаҳрвандии кишвари худ, диҷозатномаи иқоматии доимии Русияро ба даст оранд.