ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар маросими ифтитоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ариана Металл Пласт”, ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда шудааст, иштирок намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи нави истеҳсолӣ, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ-Алишер ва Мирзо Умаровҳо ташкил шуда, дар он беш аз 120 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин гардиданд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки баъди фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона боз 150 нафари дигар бо шуғли доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар корхонаи мазкур истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат гирифта, дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид карда мешавад.
Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки соҳибкорон бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар бо харҷи 6 миллион сомонӣ технологияи корхонаро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намуда, пеш аз оғози фаъолият ҳамаи коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд.
Корхона ашёи хомро қисман аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Русия, Чин, Қазоқистон ва Узбакистон ворид мекунад
Корхонаи мазкур дар Тоҷикистон аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маишӣ дар дохил истеҳсол мекунад.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва коргарону мутахассисони корхона дастур додааст, ки пеш аз ҳама, ба сифати тавлиди маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд ва манфиати худро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд.
“Бо анҷоми ин амал онҳо метавонанд дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад”, - гуфтааст манбаъ.
Ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ дар оянда молу маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон содирот хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он 12 субъект фаъолият мекунанд.
Аз оғози фаъолияти минтақа беш аз 70 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, зиёда аз 500 ҷойи корӣ таъсис дода шуд ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содирот 80 миллион сомониро ташкил додааст.