Қадам ба қадами муҳоҷир дар Маскав: аз аввал чӣ бояд кард, ки фирефта нашавад? (ВИДЕО)

Маркази муҳоҷиратии бисёрфунксионалии шаҳри Маскав бо пешниҳоди навори кӯтоҳи роҳнамо ба муҳоҷирони корӣ қадам ба қадам роҳи қонунии будубош ва кор дар Русия аз рӯзҳои аввалро нишон додааст
Sputnik

Тибқи ин навор, Марио, қаҳрамони бозии кампютерӣ, дар нақши як муҳоҷир роҳҳои дуруст ва нодурусти фаъолият дар Маскавро нишон медиҳад.

Дар навор шеваи патентгирӣ ва ҳифзи муҳоҷир аз фиреби корфармо намоиш дода мешавад.

Ин навор бо забонҳои тоҷикӣ, узбакӣ, молдовӣ, украинӣ ва озарбойҷонӣ пешниҳод шудааст.

Қаблан Сергей Собянин, раиси Маскав изҳор дошт, ки даромади шаҳр аз муҳоҷироне, ки қонунӣ кор мекунанд ба 16 миллиард рубл наздик шудааст.