Оғози пахши барномаҳои телевизионӣ бо формати НD ва ифтитоҳи Гимназияи нав дар Хуҷанд

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд, бинои нави намоиши барномаҳои телевизиони “Суғд”-ро дар формати нав бо садо додани суруди миллӣ мавриди истифода қарор дод.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари кориаш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро мавриди ифтифода қарор дод.

Маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон барои моҳипарварӣ ва содирот меваҳо

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Раҳмон дар бинои нав нахуст бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони “Суғд” дар формати HD оғози расмӣ бахшид.

Намоиши барномаҳои телевизиони “Суғд” дар формати нав бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосири иттилоърасонӣ ва пешниҳоди барномаҳо дар студияҳои сабту пахши намоишҳо ошно шуда, бо ҳайати эҷодию кормандони техникии телевизион ва радио суҳбат низ  анҷом додааст.

Ёдрас мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии телевизион ва радио моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, дар муҳлати 5 моҳ аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонида шуд.

Айни ҳол дар шароити имрӯзаи Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд 100 нафар ва дар маркази техникии он 58 нафар фаъолият доранд.Бино аз ду ошёна ва 24 утоқи корӣ, 4 студияи муосиру барҳавои сабту пахши барномаҳои телевизиониву радиоӣ, 9 танзимгоҳ, ошхона ва дигар шароити хизматрасонӣ иборат мебошад.

Бо дарназардошти ин ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти наворбардорӣ, тасвирбардорӣ, танзимгарӣ, сабти овоз ва ғайра дар телевизиони вилояти “Суғд” нав карда шуда, студияҳои мутобиқ ба талаботи замон ташкил гардидаанд.

Телевизиони вилояти Суғд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбакӣ барномаҳо омода ва давоми 18 соат пахш мекунад.

Инчунин, имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Гимназияи рақами 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳрро ифтитоҳ намуд.

Раисҷумҳур 15 ҳазор моҳичаҳои “пешонағафс”, “карп” ва “амури сафед”-ро ба кӯл сар дод

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ин муассисаи таълимӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он барои муҳассилин тамоми шароити таҳсил фароҳам карда шудааст.

Гимназия аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 68 синфхона, аз ҷумла 30 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои физикаю биологияи муҷаҳҳаз бо навтарин аёнияти таълимӣ, синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ, утоқҳои корӣ, хонаи муаллимон ва дигар шароити кориву таълимии муосир мебошад.

Ҳамзамон дар ин боргоҳи илму маърифат дар баробари аз худ кардани илмҳои муосир ҷиҳати соҳибкасб намудани хонандагон синфхонаи ҳунаромӯзӣ таъсис дода шудааст. Дар ин синфхона муҳассилин бо истифода аз шароити муҳайёшуда ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ ва дӯзандагиро аз худ менамоянд.

Муассисаи таълимии мазкур ҳамчунин дорои, китобхона бо 15 ҳазор китоби дарсӣ ва 5 ҳазор китоби бадеӣ мебошад.

Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Парчами давлатӣ ва бинои нави нозироти андозро ифтитоҳ кард

Акнун бо бунёди ин муассисаи таълимӣ 70 нафар омӯзгор ва 10 нафар корманди техникӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Гимназия аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ фаъолият карда, дар он ба омӯзиши фанҳои забону адабиёт, забонҳои русию англисӣ ва таъриху ҳуқуқ диққати махсус дода мешавад.

Дар ниҳояти боздид аз гимназия бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин муассисаи таълимӣ ба номи Раҳим Ҷалил гузошта шуд.

Баъди ифтитоҳи гимназия Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони соҳаи маорифи вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, дар бораи дастовардҳои ин бахши ҳаётан муҳими ҷомеа ибрози андеша карданд.