ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, ташхис нишон дод, ки пои Фузайлов нашикастааст ва танҳо латхӯрию беҷошавии мушакҳои пой рух додааст.
“Феълан пойи футболбози тоҷик бандубаст шуда, ба гуфтаи табибон барои барқароршавии комили он 1,5 – 2 моҳ зарур мебошад”, - омадааст дар иттилоияи ФФТ.
Инчунин ФФТ навори суҳбати Фузайловро аз беморхона нашр кардааст, ки ӯ дар он ба мардуми кишвар барои пуштибонӣ сипос гуфта, таъкид намудааст, ки як моҳ пас ба давидан оғоз мекунад.
“Ин футбол аст, шашка нест, ки баҷароҳат бошад. Раҳмат барои дастгириятон. Тоҷикистон ба пеш”, - изҳордоштааст ҳимоятгари маҷруҳшудаи тоҷик.
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё, ки феълан дар Индонезия идома дорад, дар бозии аввал Чинро бо ҳисоби 1-0 шикаст дода, 23 октябр қувваозмоӣ бо Малайзияро мусовӣ бо ҳисоби 2 – 2 ҷамъбаст намуд.
Бозии навбатии Тоҷикистон 26 октябр бо тими Арабистони Саудӣ дар назар аст.