ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино ба иттилои намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар натиҷаи ташхис шахсияти се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бар асари таркиши рӯзи 19 октябр дар корхонаи “Авангард” ба ҳалокат расиданд, муайян карда шуд.
Намояндагӣ рӯзи 22 октябр исми ин қурбониёнро нашр кард:
Расулов Аҳлидин Акрамҷонович, зодаи шаҳри Ваҳдат, Акмалзода Осимҷони Ҷумъа, зодаи ноҳияиТавилдарава Маҳмадалиев Комилҷон Раҳмонович, зодаи шаҳриЛеваканд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки кормандони Намояндагӣ ҳамроҳ бо Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба наздикони қурбониён барои ҳарчӣ зудтар ба Ватан фиристодани ҷасадҳои ҳарсе шаҳрванди Тоҷикистон тамоми кумаку ёриро хоҳанд расонд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 19 октябр дар корхонаи истеҳсоли пиротехникаи “Авангард” дар ноҳияи Гатчинои вилояти Ленинград, воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург таркиши пурқурбоние рух дод. Бар асари таркиш чор нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Се нафар аз ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафари дигар аз Беларус будаанд.
Таҳқиқи таркиши Гатчиноро Кумитаи тафтишоти Русия анҷом медиҳад.