Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Парчами давлатӣ ва бинои нави нозироти андозро ифтитоҳ кард

Имрӯз 23 октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Парчами давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд.

Маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон барои моҳипарварӣ ва содирот меваҳо

Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо баландии 48 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар замин бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва гулгашт дар шаҳри Бӯстон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи бузургтарин ҷашни миллӣ “30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

Инчунин имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бинои нави Нозироти андозро, ифтитоҳ намуд.

Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави асфалтбарориро ифтитоҳ намуд

Бинои нави Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он дорои шаш ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва бахши баҳисобгирии андозҳо ва хазинаи “Амонатбонк” мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои омодагии сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.