ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22 октябр бо муовини ёвари Котиби давлатии Амрико доир ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Эмилиа Пума мулоқот намуд.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.
Муовини ёвари Котиби давлатии Амрико барои иштирок дар машваратҳои ҳафтуми дуҷонибаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрико ба Душанбе ташриф омадааст.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти сафорати амрико дар Тоҷикистон хабар додааст, ки дар машваратҳо аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико дар соли равон натиҷагирӣ шуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда муайян карда мешаванд.
Инчунин манбаъ афзудааст, ки роҳбари ҳайати Амрико Эмилиа Пума ҳамроҳ бо Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт бо ҳамтоёни тоҷики худ ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Аз ҷумла, дар вохӯрӣ баррасии масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ифротгароии зӯроварона ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин мусоидат ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва рушди иқтисод дар назар аст.