Маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон барои моҳипарварӣ ва содирот меваҳо

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов ошно шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik.   Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов  нахуст ба хоҷагии деҳқонии “Фазлиддин” боздид намуд.

Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави асфалтбарориро ифтитоҳ намуд

Дар хоҷагии деҳқонии мазкур, ки дар 7 гектар замин бунёд шудааст, парвариши пахта, боғот ва зироатҳои ғалладонагӣ ба роҳ монда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон  аз боғоти хоҷагӣ, ки дар он дарахтони хурмо парвариш меёбад, дидан кард.

Раисҷумҳури кишвар зимни сӯҳбат бо деҳқонон таъкид маслиҳат , ки барои захира, нигоҳубин ва содироти меваҳо аз сардхонаҳои замонавӣ васеъ истифода намоянд. 

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони садҳо гектар замини серҳосил мардум ба парвариши боғҳои дарахтони хурмо, анор, зардолу, шафтолу ва олуи сиёҳ машғуланд, ки аксари ҳосили онҳо содирот карда мешавад.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар як кули махсус беш аз 10 ҳазор моҳии навъҳои “карп”, “пешонапаҳни сафеду ало” ва “амури сафед” — ро сар доданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чаро кори табибон натиҷаи хуб намедиҳад

“Моҳиҳо аз ҷамъияти саҳҳомии “Моҳии тоҷик”- и вилояти Суғд дастрас гардид. Дар кулҳои моҳипарварии вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад”, - афзуд манбаъ.

Манбаъ ёдрас мешавад, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва дар амал татбиқ мешавад.