“Регар ТадАЗ” баъди ҷазои сармураббияш, “Хуҷанд”-ро шикаст дод

Рӯзи 21 октябр дар пайи ҷамъбасти бозиҳои ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон иштирокчиёни бозии финалӣ муайян шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, “Истиқлол” дар меҳмонӣ аз дастаи дигари пойтахт – “Душанбе-83” бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.  Вале аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал -3:1,  “Истиқлол” тавонист ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад.

Ҷанг гуноҳи як тараф нест: ФФТ бозигарон, сармураббӣ ва “массажист”-ро ҷазо дод

Дар бозии дигар “Хуҷанд” дар майдони худ аз тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Дар бозии аввал дар шаҳри Турсунзода “Хуҷанд” бо ҳисоби 1-0 ғолиб омада буд.

Дар 27-умин бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода вомехӯранд. Бозии ниҳоӣ соати 14-и  27 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки имкони ғунҷоиши 25 ҳазор нафарро дорад, сурат мегирад.

Роҳёбии “Регар ТадАЗ” ба финал дар ҳолест, ки ин даста дар даври аввали бозиҳои ниманиҳоӣ аз тими Хуҷанд шикаст хӯрд. Барои занозание, ки баъди ин сабқат сурат гирифт, сармураббии тими “Регар ТадАЗ” ва чанд бозигар аз ҳар ду даста муҷозот шуданд.