Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба сафар баромад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон мебошад.

Раисиҷумҳур сутунпояи дигари Парчами давлатиро ба истифода дод

Ба иттилои манбаъ нахуст дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият”-ро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 17 километрро дар бар гирифта, паҳноии он аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад.

Дар доираи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 6 пул бо иқтидори борбардории 80 тонна, аз ҷумла 2 пул таъмиру таҷдид ва 4-тои дигар пурра аз нав бунёд гардидааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Меҳробод-Маданият, марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара пурра амалӣ гардид.  

Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Меҳробод-Маданият муваззаф намудаст.