ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Файзов дар мулоқот бо фаъолону масъулини ВМКБ суханро аз суол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз кард, ки мепурсанд, роҳбарони гуруҳҳои ҷиноӣ дар Хоруғ кистанд ва чаро номашонро намегӯянд?
“Биёед мардак барин суҳбат мекунем, гап дар бораи кӣ ва чӣ меравад. Ҳамон роҳбарони гуруҳҳои ҷиноие, ки мо мегӯем, ин ҷо Мунаваар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва ӯ Ёдгор аст”.
Ӯ афзуд, ки дар ҳузури садҳо нафар дар толори варзиши Хоруғ бо ин афрод мулоқот доштааст ва нахустин бор дар таърихи 27 сол ба тарзи кушод суҳбат баргузор гардид.
“Дар ин мулоқот Толиб, Зоҳир, Қувват ва дигарон ҳарфҳояшонро дар ҳаққи сохторҳои давлатӣ ва кори ман ба ҳайси роҳбари Бунёди Оғохон гуфтанд ва ман ҳам ошкоро фикрамро дар бораи онҳо гуфтам”, - изҳор дошт Файзов.
Ба гуфтаи раиси ВМКБ, ин нафарон изҳор доштанд, ки агар мушкил дар онҳо бошад, омодаанд, ки таслим шаванд:
“Гуфтанд, агар проблема дар бораи мо мебошад, мо меравем 5 кас худро дар ҳамин майдон месупорем. Ман гуфтам беҳтарин, аммо шумо ҳеч гоҳ ин корро намекунед”.
Файзов афзуд, ки дар ин вохӯрӣ ба ӯ гуфтанд, ки ҳамчун раис ҷанг эълон кардааст:
“Маро дар он вохӯрӣ гуфтанд, ки ту ҳамчун раис ҷанг эълон кардӣ. Ман гуфтам, агар ин ҷо Пешвои Миллат мақсади ҷанг медошт, маро ин ҷо раис намемонданд. Ин ҷо як одами дигар мешуд, ки дар китфаш ситора медошт”, - изҳори боварӣ кардааст ӯ.
Вай афзуд, ки тасмими раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таъини роҳбари Бунёди Оқохон ба мақоми раиси ВМКБ боиси ҳайрати кулли сиёсатмадарону таҳлилгарон шудааст. Ӯ изҳор дошт, ки бархилофи сарусадоҳои қаблӣ, ки муносибати Ҳукумат бо Бунёди Оқохон ин хел асту он хел аст, таъини роҳбари Бунёди Оқохон ба мақоми раиси ВМКБ нишонаи “консилидатсия”-и тамоми қувваҳои солим барои мубориза бо ҷинояткорӣ аст.
Файзов инчунин зикр кард, ки солҳои пеш агар як нафар раиси вилоят таъин мешуд, як ҳафта тӯйу хурсандӣ буд, аммо таъини вай ба ҳайси раис дар зодгоҳаш боиси ғамгинии наздиконаш шудааст.
“Имрӯз ман омадаам, зану фарзандам гиря мекунанд. Ҳамватанону ҳамкоронам мегӯянд, табрикат намекунем, лекин тавфиқ мехоҳем. Имрӯз ин кори ман дар ватани ман дар назари мардум то ин андоза мушкил шудааст, ҳатто ба ҳоли ман раҳмашон омад, ки ту куҷо омадӣ. Ин бисёр як сигнали ҷиддӣ барои ҳар нафарест, ки ин ҷо зиндагӣ дорад. Ин ҷо агар ман набиёям, каси дигар наояд, ки кӣ ин ҷо кор мекунад? Кӣ ин ҷоро обод мекунад”, - суол гузошт Файзов.
Раиси навтаъини ВМКБ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон зимни таъинаш ба ӯ гуфтааст, ки бештар корҳои идеологиро пеш бараду ин масъаларо сахт қапад.
“Ман гуфтам, Пешвои Миллат ин корро мекунем, лекин мушкилот зиёд аст. Гуфтам, дар Хоруғ мардум як соат об доранд, ҳамон дақиқа телефон кард, ба муовини сарвазир. Мардум бекор асту дигар мушкилот, ҳамаи ин ҳал мешавад, лекин барои ин тинҷию амонӣ зарур аст”, - таъкид намуд Файзов.
Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки тарсаш аз яроқ нест:
“Ҳар қадаре яроқ дошта бошанд, ман наметарсам ва онҳо ягон кор карда наметавонанд. Тарси ман аз идеологияи нодуруст, мафкураи танги бархе аз мардум аст”.
Ӯ зикр кард, ки вақте мақомот нақша кашиданд, аз вай дар бораи ин гуруҳҳои муташаккил суол карданд, ки кианд вайҳо ва чӣ қадар одам доранд.
“Майлаш агар Ёдгор 50 – 100 кас дошта бошад, Толиб 50 – 100 кас дошта бошад, Хурсанд 50 – 100 дошта бошад, Боқир 50 – 100 кас, ина 300-400, бигузор 1000 нафар дошта бошанд. Чӣ аст 1000 кас барои як давлате, ки миллион афсару аскар дорад”, - суол гузошт Ёдгор Файзов.
Ӯ худаш посух дод, ки мушкили асосӣ дар ҳазорҳо ҷавононе аст, ки мағзшӯӣ шудаанд.
“Агар проблема танҳо дар 300-500 кас мешуд, дар як шабонарӯз ҳал мешавад. Дар муддати ҳамин 20 сол ҷавонони худро аз даст додем, онҳо дар зери таъсири кӯча монданд. Хонаи падару модар меравем, мегӯянд, писарам як ҳафта дар хона нест. Дар куҷо, мегӯяд, дар навбат аст. Мегӯянд, илтимос писарамро ба хизмат баред, ки аз ин гуруҳҳо халос шавад, лекин нагӯед, ки инро мо хоҳиш кардем. Падару модар аз фарзанд метарсанд. Чандин оилаҳоеро медонам, ки фарзандонашонро аз ин ҷо бурданд”, - иттилоъ дод раиси ВМКБ.
Файзов илова намуд, суоли дигаре, ки дар мулоқот аз ӯ пурсида шуд, дар бораи қувваҳои низомӣ буд, ки кай берун мешаванд? Вай посух дод, ки ин Тоҷикистон аст ва кайу чӣ қадар қувва дар куҷо истодан дар доираи қонун сурат мегирад.
“Агар ин қувваҳо бар зарари ин мардум кор кунанд, он вақт ман ва шумо – фаъолон ҷавобгар ҳастем, ки ин масъаларо то сатҳи боло барорем”, - таъкид намуд Файзов.
Ӯ дар идома аз имкони додаи давлат тавсиф кард, ки имрӯз даъват кардааст, биёед яроқро супоред ва осоишта дар ҳар нуқтаи Тоҷикистон тинҷ зиндагӣ кунед.
Вай таъкид намуд, ки Хоруғ ҷои ҷанг нест ва аз шаҳрҳои Сурия, Ироқу Либия мисол овард, ки нишоне аз ободиҳо намондааст:
“Ман медонам, ки аз ӯ чердак, аз ӯ тирезае, ки як тир тарафи қувваҳои мусаллаҳи Ҳукумат биёяд, ҷавобан чӣ меравад. Дигар аз ӯ чорашёнаи нуҳошёнаю даҳошёна нишоне намемонад. Баъд, биёрем мисли Сурия палата монему ҳазорҳо нафарро дар азоб монем”.
Ба гуфтаи Файзов давлат аз мардум як чизро талаб дорад, ки “илтимос ҳангоми гузарондани ягон амалиёт халал нарасонед, ҷони худ ва ҷони фарзандони худро дар хатар нагузоред, лекин афсӯс новобаста аз вохӯриҳо мардум ба ин кор қодир нест”.
Ӯ бо таассуф афзуд, ки дар дигар ҷоҳо дар бораи иҷрои нақшаи пахта, гӯшт ва меваю сабзавот мегӯянд, мо бошад дар 5 сол чӣ қадар силоҳ, маводи мухаддир ва ғайра ҷамъоварӣ кардем.
Ба суол, ки ин яроқу маводи мухаддир аз куҷо меояд ва чаро Ҳукумат марзро ҳимоят намекунад, Файзов гуфт, ки ИМА бо тамоми иқтидораш наметавонад пурра марзашро мустаҳкам кунад. Ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дорад ва онро танҳо даст ба дасти ҳам ниҳода ва бо хирад ҳифз кардан мешавад.
“Он чизе, ки аз он ҷо меояд, дар сиёсату мазҳаби мардум воҷиб нест ва пеши онро бояд гирифт”, ‑ таъкид намуд вай.
Файзов афзуд, имрӯз мегӯянд, Бадахшон худро ҳамагӣ 30 фоиз таъмин мекунад, аммо Бадахшон метавонад худро сад фоиз таъмин кунад.
“Барои ин сармоягузорӣ бояд биёяд, барои сармоягузорӣ оромӣ зарур аст. Дар дунё дигар давлат заводу фабрика намесозад, ба ин бахши хусусӣ машғул аст”, - изҳор дошт ӯ.
Файзов гуфт, давоми 25 сол бархе аз мардуми мо ба зиндагӣ бо қонунҳои ҷангал одат кардаанд, ки ҳама корро анҷом додан мумкин аст, ҳама чиро бахшидан мумкин аст. Ӯ волидонеро мисол овард, ки фарзанди 27-солаашонро куштаанд, аммо онҳо изҳор доштаанд, ки мо бахшидем ва ин ба гуфтаи Файзов нодуруст аст.
Ӯ изҳори умед намуд, ки минбаъд волоияти қонун дар вилоят таъмин мешавад ва мақомоти иҷроия ба вазифаҳои ҷонии худ, аз ҷумла масоили зимистонгузаронӣ, ғизо, бунёди ишоот ва аз пайи корҳое мешаванд, ки мақомоти давлатӣ бояд воқеан ба он машғул гарданд.
Афроде, ки раиси нави ВМКБ аз онҳо ҳамчун роҳбарони гуруҳҳои муташаккил ном бурд, дар бораи ин иддао то ҳол изҳори назаре накардаанд.