Узбакистон ба Тоҷикистон мошинҳои боркаш содирот мекунад

Ширкати Ширкати муштараки Ӯзбекистону Олмон “JV MAN Auto-Uzbekistan” ба Тоҷикистон содироти мошинҳои боркашро шурӯъ намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.  Ширкати муштараки Узбакистону Олмон “JV MAN Auto-Uzbekistan” ба Тоҷикистон 14 адад мошиниҳои боркаши навъи MAN-ро содир хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуот ширкати саҳомии “Узавтосаноат”.

Имзои 11 созишнома миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Узбакистон ва Корея

Манбаъ таъкид намудааст, ки  “JV MAN Auto-Uzbekistan” бо ширкати “Экспериментальный механический завод”-и Тоҷикистон вобаста ба таҳвили 14 адад мошини боркаши MAN ба маблағи наздики 1,5 миллион доллар қарордод ба имзо расонидааст.

Ширкати  “Узавтосаноат” қайд намудааст, ки то имрӯз 11 мошин ба маблағи 1,2 млн. доллар аллакай барои интиқол омода шудааст.