ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, ки хабаргузории “Ховар” нашр намудааст, Ёдгор Файзов зимни гусели наваскарон изҳор доштааст, ки артиши Тоҷикистон, марҳилаҳои мушкилро паси сар карда, имрӯз ба иқтидори бузургу боэътимод табдил ёфтааст.
“Бешубҳа, ҳар нафаре, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ мегузарад, метавонад дар бунёди давлати миллӣ ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ собитқадамона саҳми босазо гузорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард буда, мактаби обутоб ва мардонагӣ барои ҷавонон маҳсуб меёбад. Ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастани ҷавонони бонангу ори вилоят шаҳодати он аст, ки онҳо чун шаҳрванди содиқи ин давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи марзу буми кишварашон саҳми босазо хоҳанд гузошт. Бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзу нигоҳдории оромию осудагии мардуми ин сарзамин қарзи фарзандии онҳост”, - изҳор доштааст раиси ВМКБ.
Ёдгор Файзов изҳори боварӣ намудааст, ки ҷавонони шаҳри Хоруғ дар баробари дигар ҳамсолони худ дӯш ба дӯш истода, бо ҷасорату далерӣ ва инсондӯстию ватандӯстии худ барои тамоми ҷавонони кишвар намунаи ибрат мешаванд.
Гуфта мешавад, ки соли равон дар қатори ҷавонони дигари Хоруғ наздикони ба истиллоҳ роҳбарони ғайрирасмии ин шаҳр, аз ҷумла писару бародарзодаи Толиб Айёмбеков довталабона ба артиш рафтаанд.
Гусели ихтиёриён аз Хоруғ ва таваҷҷуҳи мақомоти ВМКБ ба иҷрои нақшаи даъват дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳозиршавии ҷавонони Хоруғ ба хидмати ҳарбӣ интиқод кард.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур нақшаи даъват дар шаҳр асосан аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ аз навоҳии дигар таъмин мешавад.
Ӯ мақомоти масъул, аз шаҳрдорӣ, то маорифу мудофиа ва варзишу ҷавононро муваззаф кард, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонони шаҳри Хоруғ чораандешӣ кунанд.