Камшавии муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар

Дар нӯҳ моҳи соли равон рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар кам шудааст. Муҳоҷират нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бино бар инттилои вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз Тоҷикистон беш аз 359 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз инҳо беш аз 310 ҳазор нафар мард ва беш аз 48 600 нафараш зан мебошанд.

Вазири Қатар дар Душанбе: аз муҳоҷират то парвозҳо ва кафолат ба хориҷиҳои хонахар

Ба иттилои манбаъ, бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия ва Қазоқистон сафар мекунанд. Аз ҷумла, дар ин давра ба Русия 343 912 нафар ва ба Қазоқистон 9 571 нафар сафар кардаанд.

“Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 344 нафар, ё ин ки 8 дарсад кам шудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки дар ин давра аз хориҷи кишвар 279 398 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, аз ин 228 533 нафар мард ва 50 865 нафар зан мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4694 нафар, ё ин ки 2 дарсад зиёд шудааст.