Ёрдамчии Президент: барои ҳимояи Тоҷикистон бояд болаёқатҳоро ба ҳамоиши хориҷӣ фиристод

Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ барои ҳимояи мавқеи Тоҷикистон дар ҳамоиши хориҷӣ зарур хонд, ки мутахассисони болаёқат фиристода шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ватанзода ин нуктаро зимни баррасии омодагии Тоҷикистон ба ҳисобот дар бораи чораҳо алайҳи пулшӯӣ ва маблағгузории терроризму силоҳи қатли ом баён кард.

Бонки миллӣ: "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT иҷозатномаи фаъолият гирифтанд

Маҳмадалӣ Ватанзода, ки раиси Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар Тоҷикистон мебошад,  таъкид намуд, ки ҳайати кишвар бояд ба арзёбии навбатии байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ бинад.

Созмони FATF,  ё худ “Financial Action Task Force”, қаблан Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое ворид намуда буд, ки хавфи “пулшӯӣ”-и зиёд доранд ва танҳо моҳи октябри соли 2014 Тоҷикистонро аз ин рӯйхат хориҷ кард.

Арзёбии навбати вазъи Тоҷикистон дар ҷаласаи 29-уми Пленарии Гурӯҳи Авруосиё, 12-16 ноябри соли 2018 дар Минск дар назар аст.  

Ватанзода, зимни ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ алайҳи “пулшӯӣ”, гуфт  Ҷаласаи 29-уми Пленарии Гурӯҳи Авруосиё охирин имкони пешниҳоди маълумот нисбат ба Ҳисобот мебошад.

Бонки миллӣ рӯйхати сармоягузорони теруристонро мунташир кард

“Аз ин лиҳоз, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти кишвар, инчунин, иштироки мутахассисони болаёқат дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад”, - таъкид намуд ӯ.

Қаблан Financial Action Task Force, барои мутобиқ кардани қонунгузорӣ ба тавсияҳои FATF, Тоҷикистонро аз феҳрасти кишварҳои хатарнок хориҷ карда буд.

Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки аз рӯйхати  ба истилоҳ “сиёҳ”-и FATF хориҷ шудани Тоҷикистон имконоти ҷалби сармоягузорию рушди иқтисодиро бештар мекунад.