ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар маркази Маскав муҷассамаи аввалин президенти Узбакистон қомат афрохт ва имрӯз маросими расмии ифтитоҳи он баргузор шуд, ки дар он ҳамсари раисҷумҳур Татяна Каримов аниз ширкат дошт.
Муҷассама дар гулгашти Ислом Каримов дар байни хонаи 13-и тангкӯчаи Казачи якум ва хонаи 39-и кӯчаи Болшая Полянка, дар наздикии Сафорати Узбакистон дар Маскав гузошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки муҷассама дар арафаи сафари Владимир Путин ба Узбакистон гузошта шудааст. Муҷассама аз ҷониби бунёди хайриявии ба номи Ислом Каримов маблағгузорӣ шудааст.
Гулгашти Ислом Каримов тирамоҳи соли 2016 баъди марги Каримов ифтитоҳ ёфта буд. Он вақт як гурӯҳи ҳайкалтарошони узбак ба Русия омада буданд ва моҳи декабри ҳамон сол Комиссияи санъатҳои манументалии Думаи шаҳри Маскав қарор қабул карда буд, ки муҷассамаи Каримов дар ин гулгашт пойбарҷо карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2017 духтари хурдии Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева гузориш дода буд, ки лоиҳаи ободсозии гулгашт ва нақшаи сохтори муҷассамаи падарашро, ки бо иштироки ҳайкалтароши бритониёӣ Пола Дэя коркард шудааст, ба мақомоти Маскав супурдааст.
Ислом Каримов 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашта буд ва ӯро дар зодгоҳаш дар шаҳри Самарқанд ба хок супурданд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 18-19 октябр бо сафари расмӣ ба Узбакистон сафар мекунад. Интизор меравад, дар натиҷаи ин сафар роҳбарони Русиву Узбакистон мулоқот анҷом дода, чанд санад ба имзо расад.