Даъват ба мулоқот ва шиканҷа: боздошти шавҳар барои латукӯби ҳамсар дар Ашт

Мард, ки бо ҳамсараш пештар ҷанҷол карда будааст, ӯро ба мавзеи касногузар ба мулоқот даъват карда, сипас сахт латукӯб кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ашт мардеро ба иттиҳоми латукӯби ҳамсар дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, сокини 29-солаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, ки пештар бо ҳамсараш ҷанҷол намуда будааст, ӯро ба мулоқот ба заминҳои бекорхобидаи канори ноҳия даъват карда, сахт латукӯб кардааст.

"Номбурда, рӯзи 10-уми октябри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаи шаҳраки Шайдон бо ҳамсараш, зани 19-сола вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ӯро лату кӯб намудааст", - тавзеҳ медиҳад ВУД.

Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ба саломатиаш ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.