ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҳар сол ҳудуди шаш ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ҷиноятҳои мухталиф содир мекунанд, гуфтааст Владимир Колоколтсев, вазири умури дохили Русия зимни ҷаласаи солонаи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамасола муртакиби шаш ҳазор мавриди ҷурму ҷиноят дар Русия мешаванд ва беш аз ҳафт ҳазору 500 нафар аз онон низ ба доми фиреб ва қаллобӣ меафтанд”, - афзуд Колоколтсев.
Вазири умури дохилии Русия раванди танзимнашудаи муҳоҷират омили фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир дар кишвараш унвон кард, ки ба мушкили ҷиддӣ барои Вазорати умури дохилии Русия табдил шудааст.
Ба гуфтаи Колоколтсев, то 1 июли соли равон ҳар севумин коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия муқаррароти иқомат дар ин кишварро нақз мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ дар ин нишаст аз табодули иттилоот миёни ин ниҳод бо ҳамтоёни русиаш ибрози ризоият кардааст.
Ба гуфтаи вай, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маҳалли пинҳон шудани 286 шаҳрванди Русия, ки дар кишвари хеш таҳти пайгарди қазоӣ буданд, шиносоӣ шудааст.
Ҳамчунин Раҳимзода афзудааст, бо кумаки кормандони Вазорати дохилӣ дар Русия 180 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кишвари хеш таҳти пайгарди қазоӣ буданд, шиносоӣ ва 124 нафари онҳо ба Душанбе истирдод шудаанд.
Дар нишасти солонаи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия барномаи ҳамкории ин ду ниҳод барои соли 2019 тасвиб шуд.