ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон ва ба барфи тар табдил ёфтани он дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе боридани борони сел ва ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борони сел дар назар дошта шуда, бегоҳии рӯз он ба барф табдил меёбад.
Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд низ борони ба барф табдилёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона дар доманакӯҳҳо аз як дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ борону барф борида, ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво каме гармтар мешавад – дар инҷо низ боридани борон дар назар дошта шуда, ҳарорат рӯзона дар водиҳо 6-11 ва шабона дар доманакӯҳҳо 2-7 дараҷа гарм мешавад.