Визири корҳои дохилӣ як мактабро дар ноҳияи Ховалинг таъмир намуда ба истифода дод

Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ як мактабро бо пули худаш таъмири капиталӣ намуда бо техника ва асбобҳои зарурӣ таъмин намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тавре, ки корбари Фейсбук Зулхумор Шарипова хабар додааст, бо ташаббуси бевоситаи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ як мактаб таъмир шуда, бо техника ва асбобҳои зарурӣ таъмин гаштааст.

Ба гуфтаи вай, мактаби миёнаи рақами 30 воқеъ дар деҳаи кӯҳистони Сияҳкуртаҳои ҷамоати ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо техника ва асбобҳои зарурии мактабӣ таъмин гардид ва мавриди истифодаи қарор гирифт.

Раҳимзода бо зердастонаш ба тамошои намоишнома ба театр рафт

“То ин вақт мактаби номбурда дар шароити бениҳоят бади номувофиқ барои таҳсилу тарбияи мактабиён қарор дошт.Ташаббуси бевоситаи вазири Корҳои дохилӣ мактабиёну аҳолии ин деҳаро бениҳоят шод гардонд”, - таъкид намудааст корбари Зулхумор Шарипова.

Инчунин вай афзуд, ки дар кушодашавии мактаби мазкур шахсан худи вазир Рамазон  Раҳимзода иштирок намуда, муаллимону мактаббачагонро табрику муборакбод гуфтааст.