ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ ошкор карда шуд, ки маҳкумшуда бар асоси хулосаи ташхис аз 5 апрели соли 2017 ба бемории вируси норасоии масунияти одам гирифтор будааст.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи муайян шудани беморӣ, аз ин нафар ӯҳдадории хаттӣ дар бораи риояи талаботи моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифта шудааст.
“Аммо, шаҳрванд А.А. бо мақсади қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ, ӯҳдадории хаттии зикршудаи худро риоя накарда, дидаю дониста, моҳи ноябри соли 2017 шаҳрванд Б.А.- ро бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, ба бемории мазкур сироят намуд”, - иттилоъ дод додситонӣ.
Додгоҳ шаҳрванд А.А-ро, бар асоси моддаи 125 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, барои дидаю дониста бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани нафари солим гунаҳкор дониста, ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум кард.