Рамазон Раҳимзода дар Фурудгоҳ сардори навро таъйин намуд

Шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе соҳиби сардори нав шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рамазон Раҳимзода,  вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сардори нави шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанберо таъйин намуд, иттилоъ додааст ТоҷикТА дар истинод ба дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, тибқи фармони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Турахон Кабирзода ба вазифаи сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе таъйин шуд.

Қаблан ин вазифаро Рустам Саъдиев бар ӯҳда дошт.

Ба гуфтаи манбаъ, инчунин миёни кормандони милисаи фурудгоҳ ҷойивазкунии кадрҳо низ сурат гирифтааст. Дар натиҷа аксари кормандони пешина иваз карда шуданд.

Супориши Раҳимзода баъди тирпарронӣ: милисаҳои фурудгоҳ иваз карда шаванд

Ёдрас мешавем, ки қаблан тибқи фармони Рамазон Раҳимзода,  сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиев, ки ба сӯи корманди зертобеъи худ дар фурудгоҳи Душанбе тир парронида буд, аз кор озод карда шуд. 

бо фармони вазир сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳри Норак ва ноҳияи Вахш низ аз мансабҳояшон сабукдӯш карда шуданд.

Ҳамчунин вазири корҳои дохила дастур дода буд, ки дар шуъбаи милитсияи фурудгоҳ пурра ҷойивазкунии кадрҳо анҷом дода шавад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиев дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви ба муноқиша пардохта, аз силоҳи шахсиаш ба сӯӣ ӯ тир парондааст.

Қайд шудааст, ки Рустам Саъдиев ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Дар ҳоли ҳозир, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳ боздошт шуда ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.