Қайчизании сартарошҳо ва пулдуздии ҷавондухтар дар “Корвон”

Маъмурини милисаи Душанбе ҷанҷоли ду сартарошро дар пойтахт, ки бо қайчизанӣ анҷомидаст, таҳқиқ доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба идораи милиса, устои сартарош, сокини 20-солаи ноҳияи Сино алайҳи ҳамкораш шикоят кардааст.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 13-уми октябри соли 2018, тахминан соати 16:50-дақиқа, дар ҷойи кораш, воқеъ дар кӯчаи Ҷомии пойтахт, ҳамкораш, ҷавони 17-сола, сокини кӯчаи Ховарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо қайчӣ дар бари гӯшаш зада, тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15-дақиқа, дағалона вайрон намудааст.

Таҳкими тадобири амниятӣ дар Хоруғ ва дархости сокинони ВМКБ аз Ҳукумат

ВУД мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Мақомоти умури дохилӣ дар идомаи хабарҳои рӯз аз ошкор кардани як ҳолати дуздӣ дар бозори “Корвон” иттилоъ додааст.

“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми октябри соли равон, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми дар бозори “Корвон” қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷайбаш 5000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ ҷавондухтари 18-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷурми дуздӣ дастгир шуда, таҳқиқи ин ҳодиса низ давом дорад.