Бурду бохти Ҳукумат ва соҳибкорон: Раҳмон ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ чӣ гуфт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе ҷалби маблағҳои дохилию хориҷиро ба бонкҳо, андозгурезии соҳибкорон, камбудии лоиҳаҳои мақомоти давлатӣ, таҳримҳо, 18 900 иншооти ҷашнӣ ва дарҳои бози иқтисоди кишварро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши беш аз 2 ҳазор нафар аз 21 кишвари дунё дар Кохи Борбад, зикр кардааст, ки то соли 2030 ҳадафи асосӣ гузариш аз иқтисодиёти аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ интихоб шудааст.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дар шароити ҳассоси муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гузоштани заминаҳои мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифат, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Суғд дар Интернет сармоягузор меҷӯяд

“Аз ин лиҳоз, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф ба ҳисоб мераванд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ аз ширкаткунандагони форум даъват намуд, ки барои  рушди соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии он пешниҳодҳои мушаххас манзур кунанд.

Раисиҷумҳур зикр намудааст, ки то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок муайян карда шудаанд, ки зиёда аз 3 баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, зиёда аз 2 баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 фоиз баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри сабукиҳо, коҳиши санҷишҳо изҳор дошт, ки бо вуҷуди шароити мусоиди барои соҳибкорӣ муҳайёгардида, мутаассифона, то ҳол як қисми андозсупорандагон ба вайронкунии қонунгузории андоз роҳ медиҳанд.

Соҳибкорони чинӣ “Аълочии маорифи Тоҷикистон” шуданд

“Аз рӯи натиҷаи санҷишҳо дар соли 2017 ва ҳашт моҳи соли 2018 дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 240 миллион сомонӣ маблағи пинҳонкардаи андозҳо ошкор гардида, аз он 900 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст”, - иттилоъ дод Эмомалӣ Раҳмон.

Дар маҷмӯъ, дар масъалаи санҷишҳо раисиҷумҳур таъкид кард, ки “мо мақсад дорем дар оянда ба нақша гирифтани ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро тибқи таҷрибаи байналмилалӣ дар асоси арзёбии хавфҳо ба роҳ монем”.

Дар доираи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ шумораи иҷозатҳо аз 605 то 74 номгӯй кам гардида, дар ин замина дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд, афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастгириҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҳанӯз ҳам талабот ба маблағҳои қарз аз ҷониби соҳибкорон зиёд буда, ҳатто низоми бонкии кишвар онро пурра қонеъ гардонида наметавонад.

Баҳромҷон Иброҳимов, соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ маҷмааи варзишӣ сохт

“Норасоии воситаҳои озоди бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо ва дастрасии нокифояи соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бонки миллиро зарур аст, ки дар ин самт таҳқиқот гузаронида, барои ба низоми бонкӣ ворид шудани сармояи ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад”, - дастур дод раисиҷумҳур.

Ӯ дар хитоб ба соҳибкорони дохилию хориҷӣ афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифтааст.

“Фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузорон, ки ҷойи кор таъсис медиҳанд, ба бозори дохиливу хориҷӣ молу хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва қонунгузории миллиро риоя менамоянд, ҳамеша кушода буда, барои чунин сармоягузорон бастаи имтиёзҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ пешбинӣ гардидааст”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Тағйири Кодекси шаҳрсозӣ: соҳибкорон дар сохтмон фаъолтар мешаванд

Ӯ инчунин эрод гирифт, ки аксари лоиҳаҳое, ки имрӯз ба сармоягузорон пешниҳод мешаванд, камбудиҳои ҷиддӣ дошта, аз лиҳози техникӣ ва иқтисодӣ асоснок нашудаанд.

“Бештари лоиҳаҳо таҳқиқоти маркетингӣ надошта, дар онҳо доир ба роҳу имкониятҳои бозоргир шудани молу хизмати истеҳсолшаванда ва баргардонидани сармоя маълумот дода намешавад. Ҳол он ки аксарияти қарорҳои сармоягузорон дар асоси имконияти баргардонидани маблағҳо қабул карда мешаванд”, - гуфт раисиҷумҳур.

Вай иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии синни то 35- сола 54 фоиз ва синни миёнаи аҳолӣ 24 солро ташкил медиҳад, ки аз мавҷудияти нерӯи бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар Душанбе мактаб месозад

Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону сармоягузоронро ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ даъват намуда, гуфт  дар давоми се соли оянда, илова ба 378 иншооте, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои бо қарори Ҳукумат тасдиқгардида сохта мешавад, қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегардад.

“Аз ин шумора ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 400, вилоятҳои Суғд 6000, Хатлон 5000, шаҳри Душанбе 3530 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 3422 иншоот рост меояд. Яъне бунёди чунин шумораи бузурги иншооту биноҳои нав, ки боиси хеле ободу зебо шудани кишвари азизамон ва ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ мегарданд, майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат мебошад”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.