Баҳогузории сифати мошинҳои қазоқӣ аз тарафи нахуствазирони Тоҷикистону Қазоқистон

Қазоқистон ба Тоҷикистон мошинҳои JAC S3 ва автобусҳои Hyundai County содирот менамояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik.  Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Бакитҷан Сагинтаев, ҳамтои қазоқаш аз намоиши мошинҳои Қазоқистон, ки дар Душанбе баргузор шудааст дидан намуданд, иттилоъ додааст хабаргузории Zakon.kz.

Сарвазирони ду кишвар сифати мошинҳое, ки аз Қазоқистон ба Тоҷикистон бо ёрии ширкати “KazakhExport” ворид мегарданд, баҳогузорӣ намуданд

Қазоқистон барои Тоҷикистон мошинҳои JAC S3, ки дар корхонаи "СариаркаАвтоПром"-и шаҳр Костанай ва автобусҳои навъи Hyundai County, ки дар қаламрави вилояти Алмаато истеҳсол мешаванд, ворид менамояд.

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Муғулистон ва Покистон

Таъкид шудааст, ки талабот ба мошину автобусҳои Қазоқистон дар бозори дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Мошинҳо барои намоиш дар маркази минтақаи “Манеж” ба намоиш гузошта шуда буданд. Нахуствазирон намоишро дар доираи кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ, ки дар Душанбе аз 11 то 12 октябр баргузор шуд, дидан намуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои дутарафа ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баён намуданд.